Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ даъвои Навалний зидди Путинро сабт накард


Додгоҳи Твери шаҳри Маскав даъвои як раҳбари мухолифон ва муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалнийро зидди президенти Русия Владимир Путин сабт накард. Дар ин бора ҳуқуқшиноси бунёди зидди коррупсия Иван Жданов рӯзи 8 ноябр дар Фейсбук хабар дод.

Масъулони додгоҳ дар шарҳи ин қарори худ гуфтаанд, ки шикояти Навалний баррасӣ нахоҳад шуд, зеро ба гуфтаи онҳо, озодӣ ва манофеи қонунии ӯ поймол нашудааст.

Додгоҳе дар Маскав ҳафтаи гузашта шикояти Навалнийро зидди Путин барои манъи мулоқотҳояш бо интихобкунандагон ба қайд гирифта буд. Мухолифи рус аз додгоҳ хост, ки ин амали раҳбарияти Русияро ғайриқонунӣ эълом кунад.

Пештар Кремл дар посух ба иддаои Навалний гуфт, ки президенти Русия бо ҳамоҳанг ё манъ кардани кадом як ҷамъомаду вохӯриҳо машғул намешавад.

Навалний соли 2018 дар интихоботи президентии Русия иштирок карданист ва ҳоло сафарҳои таблиғиеро ба минтақаҳои ин кишвар анҷом медиҳад. Дар бештари шаҳрҳои Русия мақомот ба баргузории тазоҳурот ва вохӯриҳо бо Навалний иҷозат намедиҳанд. Ихтиёриёон ва кормандони ситоди Навалний зери фишори мақомот қарор дошта, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто таҳдид низ мешунаванд ва мавриди ҳамла ҳам қарор мегиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG