Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯ бо “Абу Ар–Раҳмон” Муҳаммадро ба зиндон бурд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муҳаммад Воҳидов – як ҷавони тоҷикро барои кӯшиши пайвастан ба сафи гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба 6-уним соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Санаи содир шудани ҳукм гуфта намешавад, вале Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ин хабарро рӯзи 7-уми ноябр нашр кард.

Ба гуфтаи Муҳаммад Ҳомидзода, додраси ин додгоҳ Воҳидов моҳи майи соли 2016 ба Русия ба муҳоҷират рафта аз сӯи нафароне бо номҳои “Муҳаммад Муовия” ва “Абу- Ар-Раҳмон” барои пайвастан ба гурӯҳи ба ном “Давлати Исломӣ”, ки дар Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эътироф шудааст, ташвиқ шудааст.

Додгоҳ гуфт, ки бо ташвиқи ин нафарон Муҳаммад Воҳидов дар радио-канали “Зелло” ба саҳифаи “Роҳнамо ба сӯи “Давлати Исломӣ” пайваст ва ба худ тахаллуси “Муҳаммад-12”-ро гирифт.

Воҳидов ба гуфтаи додгоҳ аз моҳи август то 22-уми сентябри соли 2016 бо “Муҳаммад Муовия” ва “Абу-Ар-Раҳмон” суҳбат намуда даъвати онҳоро барои пайвастан ба “Давлати исломӣ” пазируфт.

Рӯзи 8-уми сентябри соли гузашта Воҳидов тариқи хатсайри Санкт-Петербург- Маскав -Истамбул худро ба Туркия расонида давоми 9 рӯз дар Истамбул аз эмиссарҳои ДОИШ дарс гирифтааст. Ӯ рӯзи 22-уми сентябри соли 2016 аз минтақаи Хатайи Туркия ҳангоми кӯшиши сафар ба Сурия аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар боздошт шуд. Аз он сана Воҳидов дар боздоштгоҳҳои Туркия нигоҳдорӣ шуда санаи 25-уми август ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Додгоҳ дар Тоҷикистон Воҳидовро бар асоси моддаи “қасди ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ” гунаҳгор эълон карда ба мӯҳлати 6,5 сол равонаи зиндон кард.

Маълум нест, ки то куҷо худи маҳкумшуда бо ҳукми додгоҳ розӣ аст ва оё иттиҳомоти ворида нисбати худро эътироф мекунад ё на.

Қонунҳои Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG