Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Гуфтугӯи тамаддунҳо" Инқилоби Октябр баҳс мешавад


Маҳфили навбатии Фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо" ба 100-умин солгарди Инқилоби Октябр бахшида мешавад. Ин маҳфил рӯзи 7 ноябр соати 17:00 дар маркази савдои «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе зери унвони «Инқилоби октябр - як саҳифаи муҳим барои таърихи миллати тоҷик: бурду бохт”, баргузор мешавад. Дар ин мавзӯъ Тағоймурод Каримов, аз раҳбарони пешини Ҳизби коммунист суханронӣ хоҳад кард. Иштирок дар ин маҳфил озод аст ва ширкатдорон метавонанд дар баҳсҳо роҷеъ ба Инқилоби Октябр мушорикат намоянд.

Сад соли пеш ҳафтуми ноябри соли 1917 гурӯҳе бо номи “болшевикон” зери раҳбарии Владимир Ленин бо барканории ҳукумати подшоҳии Русия кишвареро бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ асос гузоштанд. “Болшевикон” соли 1918 ба Осиёи Марказӣ омаданд ва соли 1920 Аморати Бухороро сарнагун карданд.

XS
SM
MD
LG