Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: даврони таҳаммули стратегӣ дар баробари Пхенян поён ёфт


Доналд Трамп ва ҳмасараш Мелани Трамп дар Ҷопон
Доналд Трамп ва ҳмасараш Мелани Трамп дар Ҷопон

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп барномаи мушакҳои ҳастаии Кореяи Шимолиро “таҳдид” ба ҷаҳон тасвир кард ва гуфт, ки “даврони таҳаммули стратегӣ дар баробари Пхенян анҷом ёфт”.

Ӯ рӯзи 6 ноябр баъди мулоқот бо нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе дар Токио гуфт, ки ду кишвар ба “таҳдидҳои хатарнок” -и раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун якҷо муқовимат хоҳанд кард. “Барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ таҳдид ба ҷаҳони мутамаддин ва сулҳу суботи байналмилалӣ аст”,- гуфт Трамп дар нишасти матбуотии муштарак бо Шинзо Абе.

Нахуствазири Ҷопон низ аз мавқеи Трамп дар баробари Кореяи Шимолӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, ки Ҷопону Амрико дар ин масъала тавофуқи комили назар доранд. Қабл аз мулоқот бо Абе Трамп аз равобити тиҷоратии Ҷопон бо Амрико шадидан интиқод кард ва гуфт, ки он “бозу одилона нест”.

Сафари 12 -рӯзаи президенти Амрико ба Осиё бо ду ҳадаф – тиҷорат ва авзои атрофи Кореяи Шимолӣ ҷараён мегирад. Дар идома силсилаи сафарҳо, президенти Амрико аз Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Филиппин ва Ветнам боздид ба амал меорад.

XS
SM
MD
LG