Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарирӣ гуфт, "ҷаҳони араб бояд дасти Эронро бибурад"


Саад Ҳарирӣ

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, ки рӯзи 4-уми ноябр истеъфояшро эълон дошт, Эрон ва муттафиқи он “Ҳизбуллоҳ”-ро дар ноамнии Лубнон ва ноамн кардани ҷаҳони араб муттаҳам кард.

Ӯ истеъфояшро зимни суханронии телевизионӣ аз Арабистони Саудӣ эълон кард ва гуфт, ки метарсад, ки ба ҷонаш сӯиқасд ташкил кунанд. Рафиқ Ҳарирӣ, падари ӯ нахуствазири собиқи Лубнон соли 2005 зимни як сӯиқасд кушта шуд.

Сиёсатмадорон ва таҳлилгарони умури сиёсӣ аз он нигаронанд, ки ҳамлаҳои лафзии Ҳарирӣ ба Эрон боиси рақбатҳои тундтари Арабистони Саъудӣ ва Эрони шиамазҳаб хоҳад шуд.

Ҳаририи 47-солаи суннимазҳаб дар суханронии худ гуфт, Эрон ҷангҷӯёни шиамазҳаби “Ҳизбуллоҳро”-ро барои густариши нуфузи худ дар Лубнон истифода мекунад.

Ба гуфтаи ӯ Эрон тавассути “Ҳизбуллоҳ” “давлат дар дохили давлат” сохтааст. Ӯ Теҳронро дар “эҷоди ошӯб, беназмиву вайронӣ дар ҳар куҷое ки ҳозир мешавад” муттаҳам кард. Дар изҳороташ алайҳи Эрон ӯ гуфт, “ҷаҳони араб бояд дастеро, ки фасодро дар дохили он паҳн мекунад бибурад”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG