Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба таҳрими Канада бо таҳрим ҷавоб дод


Мария Захарова
Мария Захарова

Русия дар посух ба таҳрими Канада роҳи даҳҳо шаҳрванди ин кишварро ба қаламарви худ баст. Қабл аз ин, Канада эълон кард, ки алайҳи 30 шаҳвранди Русия таҳрим ҷорӣ намудааст.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 4-уми ноябр гуфт, Маскав дар ин маврид аз принсип ё асли баробарӣ кор гирифтааст.

Дар бораи таҳрими Канада алайҳи сӣ шаҳрванди Русия рӯзи 3-юми ноябр хабар нашр шуд. Аз ҷумла, ба рӯйхати сиёҳи ин кишвар раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин шомил шудааст.

Тамоми ҳисобҳои бонкии афроди шомили рӯйхати сиёҳи дар ҳудуди Канада баста шуда, онҳо аз ҳаққи дарёфти паноҳандагӣ дар ин кишвар маҳруманд. Дар ин феҳрист ба ҷуз аз шаҳрвандони Русия, беш аз шаҳрванди Венесуэла ва Судони Ҷанубӣ ҳам дохиланд.

XS
SM
MD
LG