Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик 18% афзоиш ёфтааст


Маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷа дар 9 моҳи соли равон 18 дарсад бештар шудааст. Дар чор соли ахир ин бори нахуст аст, ки раванди интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон тамоюли зиёдшавӣ дорад. Дар ин бора Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод.

Шариф Раҳимзода рӯзи 2 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад бештар шудааст. Ҷаноби Раҳимзода афзоиши ҳаҷми интиқолҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷикро ба рушди иқтисод дар Русия вобаста донист, ки дар соли ҷорӣ аз рукуд берун шуд ва рушди 1,7 дарсадӣ дошт.

Интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷа дар 9 моҳи соли гузашта 1 миллиарду 400 миллион доллар буд. Имсол бо назардошти афзоиши 18 дарсадӣ, интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расид.

Раванди камшавии маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан аз соли 2014 шурӯъ шуд. То ин сол муҳоҷирони кории тоҷик ба кишвар то 4 миллиард доллар маблағ интиқол медоданд. Аммо дар пайи буҳрони молӣ дар Русия ва ҳам ихроҷи қариб 300 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ин кишвар дар соли 2014 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон ба якборагӣ поин рафт.

Пастарин нишондоди маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ба соли 2016 рост омад. Дар ин сол муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 432 миллион доллари амрикоӣ маблағ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 14,5 дарсад камтар буд.

Мақомот эътироф мекарданд, ки то соли 2014 интиқоли маблағи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия аз гардонандагони иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар пайи коҳиши маблағҳои муҳоҷирон ба боварии иқтисоддонон, тавони харидории мардум дар кишвар коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG