Пайвандҳои дастрасӣ

Александр Очечкин аз таъсиси ҷумбиши "Командаи Путин" хабар дод


Александр Овечкин

Ситораи ҳоккей ва капитани тими Washington Capitals Александ Овечкин аз таъсиси ҷумбиши иҷтимоии "Командаи Путин" хабар дод, ки барои пуштибонӣ аз президенти Русия рӯи кор меояд. Дар ин бора варзишгар рӯзи 2 ноябр дар инстаграм хабар дод.

Дар баробари пахши пайғоми таъсиси ҷумбиши иҷтимоӣ ба тарафдории Путин, Овечкин ҳамчунин гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ самимияташро ба президенти Русия пинҳон накардааст ва "ҳамеша ба таври ошкоро аз ӯ пуштибонӣ мекунад".

Овечкини 32 сола дар Маскав таваллуд шудааст, Ӯ дар 30 бозии байналмилалӣ аз Русия намояндагӣ карда, се бозии ҷаҳониро бо медали тилло анҷом дод. Овечкин мегӯяд, ки бо Путин равобити хуб дорад.

Ситораи ҳокей дертар паёми худро шарҳ дод ва гуфт, ки бо эълони пуштибонӣ аз Путин, ӯ дар пайи изҳороти сиёсии бахшида ба интихоботи соли 2018, ки интизор меравад боз як даври дигари раёсати ҷумҳурро дар ихтиёри Путин гузорад, набуд.

Овечкин таъсиси ҷумбишро танҳо пушибонӣ аз Путин маънидод кард.

"Ман танҳо аз кишварам пуштибони кардам, медонед? - гуфт Овечкин рӯзи 2 ноябр. "Ман аз ҳамон аз ҳамон сарзаминам, падару модари ман дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ҳамаи дӯстони ман онҷоянд. Ба мисли ҳамаи инсонҳо аз кишварҳои мухтилиф, ки аз президентҳояшон пуштибонӣ мекунанд"- афзӯд ситораи ҳоккей.

Александ Овечкин моҳи январи соли 2017 дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN худро як фарди "аз ҷиҳати сиёсӣ бетараф" унвон карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG