Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Сурия Дайр-ал-Зурро аз ДОИШ бозпас гирифтанд


Харобаҳои шаҳри Дайр Ал-Зур

Артиши Сурия ва муттафиқони онҳо назорати комили Дайр-ал-Зур, бузургтарин ва муҳимтарин шаҳр дар шарқи Сурияро ба даст овардаанд ва онро аз ҳузури гурӯҳи Давлати исломӣ пок мекунанд.

Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, дар ин бора рӯзи 2-уми ноябр хабар дод. Ба гуфтаи созмон, нерӯҳои давлатии Сурия поксозии баъзе ахз маҳаллаҳои шаҳр аз ҳузури ҷангҷӯёни боқимондаро идома медиҳанд.

Артиши Сурия амалиёт барои озодии Дайр-ал Зурро моҳи сентябр оғоз кард ва ба сарбозони давлатӣ, ҳавопаймоҳои Русия, гурӯҳҳои шиамазҳаби зери ҳимояти Эрон ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон кӯмак мекунанд.

Гурӯҳи Давлати исломӣ соли 2014 Дайр -Ал -Зурро ишғол кард ва муддати се сол бахши аъзами онро зери назорат дошт, ба истиснои як бахше, ки сарбозони Сурия ва 93 ҳазор нафар онҷо монда буданд. Ин шаҳр маркази вилояти асосии истеҳсолкунандаи нафти Сурия буда, дар соҳили рӯдхонаи Фурот ҷойгир аст.

Дайр ал-Зур ҳамчунин аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар марзи Ироқ қарор дорад ва Давлати исломӣ аз фурӯши нафти он фоида ба даст меовард. Поксозии шаҳр аломати дигаре аз он аст, ки нерӯҳои ҳукумати Башор Асад назорат дар шарқи кишварро ҳарчӣ бештар барқарор мекунанд. Нерӯҳои давлатӣ бо ҳаракат ба шарқи Сурия дар моҳҳои ахир, майдонҳои зиёди газу нафт, зери назорат гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG