Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон 18 шаҳрванди Узбакистонро аз ғуломӣ озод кард


Кӯчаи Қарағанда

Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Костанайи Қазоқистон як сокини 36-солаи Қарағандаро бо гумони хариду фурӯши инсон боздошт кард. Биноба маълумоти ин идора, гумонбар аз моҳи апрели соли равон 18 шаҳрванди Узбакистонро дар ғуломӣ нигаҳ медошт.

"Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар бинои яке аз ширкатҳои хусусӣ будубоши ғайриқонунии 18 шаҳрванди Узбакистон ошкор шуд. Соҳиби ширкат бо роҳи фиреб ва таҳдид онҳоро дар осиёбаш кор мефармуд. Ҷабрдидаҳо имкони бозгашт ба ватанашонро надоштанд, зеро гумонбар шиносномаҳои онҳоро гирифта, музди меҳнаташонро низ пардохт намекард", - гуфт як манбаъ дар Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил.

Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди 128 (Хариду фурӯши инсон)-и Кодекси ҷинои Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Банди мазкур аз 5 то 7 соли зиндон ва мусодираи амволро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шаҳрвандони Узбакистон дар ҳоли ҳозир, таҳти ҳимояти пулис ва созмонҳои ҷамъиятӣ қарор доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG