Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ва Эрон пешниҳоди музокироти Сурия дар Сочиро пазируфтанд


Ҳайъатҳои музокироти Сурия дар Остона. 31 октябри соли 2017
Ҳайъатҳои музокироти Сурия дар Остона. 31 октябри соли 2017

Туркия ва Эрон рӯзи 31 октябр пешниҳоди Русияро, ки мехоҳад даври навбатии музокироти ҳукумати Сурия бо мухолифонаш дар Сочӣ баргузор шавад, қабул карданд.

Русия ва Эрон, ду давлати тарафдори ҳукумати Сурия ва Туркия, ки аз мухолифони Башор Асад пуштибонӣ мекунад, дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, ки аз ибтикори Маскав, барои қабули тарафҳои низоъ дар қаламраваш, пуштибонӣ мекунанд. Ин мулоқот боя рӯзи 18 октябр баргузор шавад ва Русия ҳузури намояндагони Ғарбро дар ин нишаст зарур надонистаст.

Дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Русия аз 33 созмони суриягӣ, бо шумули гурӯҳҳои курд ном бурдаанд, ки ба "Кунгураи муколамаи миллии Сурия" даъват мешаванд. Курдҳо қаблан аз музокироти сулҳ хориҷ буданд, дар ҳоле, ки онҳо бахшҳое аз қаламрави Сурияро таҳти назорат доранд.

Пешниҳоди баргузории кунгура аз дастовардҳои каму беш назарраси даври ҳафтуми музокироти сулҳи Сурия номбар мешавад, ки рӯзҳои 30-31 октябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Дар тӯли ҷанги шашсолаи Сурия 330 ҳазор инсон кушта, 6 миллион паноҳанда ва 5 миллиони дигар дар дохили кишва бехонумон шуданд.

XS
SM
MD
LG