Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як суриягӣ бо ҷурми терроризм дар Олмон боздошт шуд


Пулиси Олмон дар назди масҷиди Ал-Тақвои Ҳамбург. Акс аз бойгонӣ
Пулиси Олмон дар назди масҷиди Ал-Тақвои Ҳамбург. Акс аз бойгонӣ

Пулиси Олмон рӯзи 31 октябр як ҷавони 19-солаи суриягиро бо гумони тарҳрезии ҳамлаи террористӣ, бо истифода аз маводи мунфаҷираи нерӯманд, боздошт кард.

Бино ба изҳороти дафтари додситонӣ, ин мард, ки Яман А., муаррифӣ шудааст, субҳи имрӯз дар шаҳри шимолушарқии Шверини Олмон боздошт шуд.

Пулис манзили ӯ ва чанд хонаи дигарро дар ин минтақаи воқеъ дар шимоли Берлин кофтукоб кард.

"Яман А., ба тарҳрезӣ ва омодагии комил ба як ҳамлаи дорои ангезаҳои исломӣ дар Олмон гумонбар шудааст. Ӯ ҳадаф дошт, ки одамони зиёдро қурбон кунад",- омадааст дар изҳорот.

Изҳорот мегӯяд, аломате вуҷуд надорад, ки ин мард узви ягон гурӯҳи террористӣ бошад. Мақомот ҳамчунин нагуфтанд, ки гумонбар кай вориди Олмон шуд.

Дар пасманзари таҳдидҳои террористӣ, махсусан баъди ҳамла бо истифодаи мошин, ки моҳи декабри соли гузашта 12 нафарро дар Берлин қурбон кард, пулиси Олмон дар ҳоли омодабош қарор дорад.

XS
SM
MD
LG