Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, ки раиси ҷуҳмур Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҷараёни сафараш ба Маҷмаи Кулли Созмони Муттаҳаид, моҳи сентябри соли равон ба Ню Йорк, аз мулоқот бо президенти Амрико Доналд Трамп даст кашидааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ рӯзи душнбеи 30 октябр ба хабарнигорон дар Теҳрон гуфт, ки баъзе афроди наздик ба прездент Трампин омодагии президенти ИМА барои мулоқот бо Рӯҳониро иброз доштанд, аммо гӯё Рӯҳонӣ ин пешниҳодро рад кардааст.
Кохи сафед ин иддаоро то ҳол шарҳ надодааст.
Рӯҳонӣ ва Трамп дар ҷараёни суханрониашон дар Маҷмаи Кулли СММ алайҳи якдигар аз лаҳни тунд истифода карданд. Трамп Эронро "диктатураи фасодзада" унвон кард ва Рӯҳони маъмурияти Трампро "ноаҳлони арсаи сиёсат" номид.
Мақомоти Ийолоти Муттаҳида Эронро пайваста ба пуштибонӣ аз террористон ва шӯришгарон дар саросари Ховари Миёна муттаҳам мекунад. Эрон иттиҳомро рад мекунад.