Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ноболиғон даст ба дуздӣ мезананд?


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, се ҳодисаи дуздиро ошкор кардааст, ки дар ҳамаи онҳо ноболиғон даст доранд. Даст ба дуздӣ задани ноболиғон аз мушкилиҳои ҷиддии ин қишр дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, бо иттиҳоми даст доштан дар ин дуздиҳо ду писарбачаи 15 ва 17-сола ва як ҷавондухтари 16-сола, боздошт шудаанд.

Аз ҷумла ба гуфтаи манбаъ,писарбачаи 15-сола дар пайи шикояти як сокини ноҳияи Панҷ дастгир шуд, ки шахсони номаълум аз манзилаш амволаш бо маблағи 5940-сомонӣ ва 1200-доллари амрикоиро дуздидаанд. Дар Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, писарбачаи 17-сола бо он муттаҳам дониста мешавад, ки ҳафтаи гузашта аз бинои ДОСААФ воқеъ дар шаҳри Кӯлоб ду адад акумуляторро дуздидаанд. Манбаъ ҳамчунин гуфт, духтарбаччаи 16-сола низ аз манзили як сокини шаҳри Норак ҷавоҳироту либосҳои занонаро бо маблағи қариб 12 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Вазорати умури дохилӣ аз ин ноболиғон ном намебарад ва мегӯяд, тафтиши ин ҳодисаро идома дорад. Ҳарчанд мақомот то ҳол омори зиёд ва ё кам шудани ҳодисаҳои дуздӣ аз ҷониби ноболиғон дар соли равонро расман нашр накардаанд, аммо коршиносон бо такя ба хабарҳои нашршуда дар ин бора мегӯянд, дуздӣ дар миёни ноболиғон афзоиш ёфтааст ва ин нишон аз норасоии иқтисодӣ дар миёни ин қишр дарак медиҳад.

XS
SM
MD
LG