Пайвандҳои дастрасӣ

Новиков: "Қазоқистон намехоҳад марзро боз ва равуои озодро таъмин кунад"


Артем Новиков-вазири иқтисоди Қирғизистон

Вазири иқтисоди Қирғизистон Артем Новиков мегӯяд, ҷониби Қазоқистон аз имзои "Харитаи роҳ", ки вазъ дар марзи ду кишварро ба эътидол меорад, худдорӣ мекунад.

Ба гуфтаи вазир, ҷониби Қазоқистон монеаҳо дар марзро ба мавридҳои қочоқи мол аз Қирғизистон ба ин кишвар рабт додааст. Вале ба гуфтаи ӯ, ин гуна мушкил дар тамоми кишварҳои ИИАО вуҷуд дорад.

Ду кишвари ҳамсоя ба таҳияи харитаи роҳ 18 октябр дар мулоқоти сарвазирони Қирғизистону Қазоқистон ба созиш расида буданд. Лоиҳаи ин санад аз 48 банд иборат буда, ба ҳалли тамоми мушкилиҳои марзӣ равона шудаанд.

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон аз 10 октябр ба ин тараф назорати шадиди марзӣ роҳандозӣ шуд. Қазоқистон дар гузаргоҳҳои марзӣ постгоҳи назоратии иловагӣ ташкил ва ба санҷиши мошинҳои боркаш сарбозони мусаллаҳро ҷалб кард. Дар натиҷа ҷамъшавии мошинҳо ва навбатпоии тӯлонии мусофирон ба вуҷуд омад. Ин ҳолат баъди он ба миён омад, ки пррезиденти феълии Қирғизистон Қазоқистонро ба дахолат дар умури интихоботи ахир гунаҳкор кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG