Узви ҷиноҳи "Қирғизистон"- Достон Ҷумъабеков рӯзи 25 октябр раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд.
Аз 120 намояндаи мардумӣ дар порлумон 80 нафар ба тарафдории ӯ райъ доданд. 32 намояндаи мардумӣ Исҳоқ Масалиев- номзади ҷиноҳи "Онугуу-Прогресс" ҷонибдорӣ карданд.
Интихоби раиси порлумон ба таври махфӣ сурат гирифт.
Достон Ҷумъабекови 40 сола бори аввал соли 2010, аз рӯхати ҳизби "Ата-Журт" вориди порлумон шуд. Вуруди дубори ӯ ба порлумон соли 2015 дар ҳайъати ҳизби "Қирғизистон" сурат гирифт.
Раиси нави порлумон устоди варзиш дар риштаи якҳарбаи шарқӣ аст. Ӯ оиладор аст ва се фарзанд дорад.