Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидраҳмон Назризода аз мақомаш барканор шуд


Саидраҳмон Назризода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, аз мақомаш озод карда шуд. Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25-уми октябр гуфта мешавад, ки Назризода бинобар ба кори дигар гузаштанаш, аз ин мақом барканор шуд. То ба ҳол маълум нест, ки Саидраҳмон Назризода дар кадом мақом ба фаъолияти худ идома хоҳад дод. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо қарори дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода, ки дар мақоми мушовири калони бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масълаҳои иқтисодӣ кор мекард, аз мақомаш озод ва ба ҷои Саидраҳмон Назризода муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо, таъйин шудааст. Бо қарорҳои ҷудогонаи дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Шокирҷон Гадоиён аз вазифаи директори "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор" озод ва Маҳмадтоҳир Саидзода ба ҷои ӯ таъйин шудааст.


XS
SM
MD
LG