Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сенатори ҷумҳурихоҳ Трампро шадидан танқид карданд


Сенатор Ҷефф Флейк
Сенатор Ҷефф Флейк

Рӯзи сешанбе ду сенатори ҷумҳурихоҳ президент Трампро барои ба гуфтаи онҳо сарфи назар кардан аз усулҳои муҳофизакорона ва бартарӣ додан ба авомгароӣ ба таври бесобиқа интиқод карданд.

Сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Аризона, Ҷефф Флейк зимни суханронӣ дар Сенат гуфт, ки раҳбарияти кишвар рафтори "ғайри мантиқӣ, нороҳаткунанда ва ғайри қобили қабул"-и худро бо ҳарфҳое тавҷеҳ мекунанд, ки интихобкунанда мехоҳад бишнавад. Ин гуна рафтор барои демократияи Амрико хатар дорад- гуфт сенатор Флейк. "Ҷумҳурихоҳон бояд муттаҳид шаванд ва садо баланд кунанд, ки чунин рафтори президенти ИМА ва фармондеҳи нерӯҳои низомии кишварро қабул надоранд. Хомушӣ дар баробари вазъе, ки ба амал омадааст, иштибоҳест, ки бо арзишҳои Амрико созгор нест",- гуфт Ҷефф Флейк дар сӯҳбати телевизионӣ, ки баъди суханрониаш дар Сенатпахш шуд.

Боб Коркер, шарики Флейк ва раиси Кумитаи байналмилалии Сенат низ даст кашиданаш аз иштирок дар интихоботи ояндаро эълон кард. Коркер дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт: "Трамп аз худ хотираи шахсеро боқӣ мегузорад, ки кишварро паст задааст ва ин бисёр ғамангез аст". Крокер садоқати Трампро зери суол бурд ва изҳори таасуф намуд, ки як замон аз номзадии ӯ пуштибонӣ карда буд.

Шореҳони амрикоӣ интиқоди камназири президент аз ҷониби ду намояндаи ҳизби ӯро қисман ба ин вобаста медонанд, ки ҳам Флейк ва ҳам Крокер бо анҷоми мандати онҳо, охири соли оянда, тасмим доранд аз Конгресс хориҷ шаванд.

XS
SM
MD
LG