Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Қирғизистон кумаки молии Қазоқистонро рад кард


Гузаргоҳи марзии Қирғизистон- Қазоқистон

Кумитаи буҷа ва молияи порлумони Қирғизистон лоиҳаи бекор кардани шартномаи кумаки 100 миллиондолларии Қазоқистонро тасвиб кард.

Ин қарор рӯзи 23 октябр дар ҷаласаи кумита қабул шуд. Ба суоли вакилон дар мавриди лоиҳаи мазкур ноиб-сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев посух дод. Лоиҳаи қонун ба баррасии вакилон фиристода шуд.

Ҳукумати Қирғизистон ҳафтаи гузашта ба порлумони ин кишвар лоиҳаи қонун дар бораи бекор кардани созишномаи кумаки 100 миллиондолларии Қазоқистонро ирсол кард. Ноиб-сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев гуфт, кишвараш дигар ба ин кумак эҳтиёҷ надорад.

"Мо тасмим гирифтем, ки ин кумакро рад кунем. Яъне, дигар эҳтиёҷ надорем. Мо аз манбаъҳои дигар сармоя меҷӯем. Дар ҳоли ҳозир сохтмони қисми зиёди 14 озмоишгоҳе, ки бояд ба талаботи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷавобгӯ бошад, ба охир расидааст. Сармояи ин озмоишгоҳҳоро худамон пайдо мекунем. То охири сол сохтмони бештари онҳо ба охир мерасад", - афзуд вай.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон пештар хабар дод, ки " дар бораи даст кашидани Қирғизистон аз ин кумак огоҳии расмӣ дарёфт накардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG