Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомии собиқи рус бо шиносномаи ҷаълии тоҷикӣ дар сафҳои ДИИШ


Як корманди собиқи Вазорати дифои Русия, ки бо шиносномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафта буд, ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, капитан Денис Хисамов соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи Тоҷикистонро омода карда, тариқи он ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми октябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Денис Хисамов 34-сол дошта, мехостааст барои анҷоми ҷиноят ба Русия баргардад. Ба қавли манбаъ, Денис Хисамов дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳини баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Туркия боздошт шуда, бинобар доштани шиносномаи қалбакии Тоҷикистон, ба мақомоти тоҷик таслим карда шуд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқи қазия идома дорад.

XS
SM
MD
LG