Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷимми Картер гуфт, "омодаам, ки ба Куриёи Шимолӣ биравам"


Ҷимми Картер – раиси ҷумҳури собиқи Амрико – гуфт, омодааст, ки барои ҳалли низоъ ва танишҳо аз номи маъмурияти Доналд Трамп ба Куриёи Шимолӣ биравад. Дар ин бора рӯзномаи “The New York Times” рӯзи 22-юми октябр хабар дод.

Картери 93-сола дар суҳбат дар аёлати Ҷорҷия гуфтааст, фурсати анҷоми боз як миссия ё рисолати дипломатӣ расид ва ӯ омодааст, онро барои президент Доналд Трамп анҷом бидиҳад.

Ҷимми Картери демократ аз соли 1977 то 1981 раиси ҷумҳури Амрико буд. Вай гуфтааст, дар ин бора бо генерал Ҳенри Макмастер, ёвари Трамп дар умури амнияти миллӣ, ки аз дӯстонаш ҳаст, суҳбат кард, вале посухи рад гирифт. Картер гуфт, баҳси Доналд Трамп ва раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ун бисёриҳо, аз ҷумла худи ӯро нигарон кардааст.

Раиси ҷумҳури собиқи Амрико раҳбари Куриёи Шимолиро шахси пешгӯинашаванда номид ва гуфт, дар сурати эҳсоси хатар Ким метавонад, ҳамлаи пеш аз ҳамла бикунад.

Ҷимми Картер дар миёни солҳои навадум бар хилофи раъйи раиси ҷумҳури вақт Билл Клинтон ба Пхенян рафта буд.

XS
SM
MD
LG