Баъд аз зуҳри 21-уми октябр дар наздикии Донишгоҳи ҳарбии ба номи маршал Муҳаммадфаҳим Қасим, дар шаҳри Кобули Афғонистон, як инфиҷор рух дод.
Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон гуфтанд, ки ҳамлавари интиҳорӣ ё маргталаб мошини ҳомили донишҷӯёни ин муассисаи таълимии низомиро ҳадаф қарор додааст. Генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар асари ин ҳамла 15 нафар аз донишомӯзон кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол кадом гуруҳе бар уҳда нагирифтааст.
Як рӯз пеш дар пайи ду ҳамлаи ҷудогона дар масҷиди Имоми замони Кобул ва маркази вилояти Ғури Афғонистон 89 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Мақомот гуфтанд, ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом шуданд, ки сокинон барои адои намоз дар масоҷид саф кашида буданд.
Масъулияти ҳамлаи Кобулро гурӯҳи давлатӣ исломӣ бар уҳда гирифт. Аммо масъулияти ҳамла ба масҷиди вилояти Ғурро касе бар дӯш нагирифтааст.