Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба як пинҳонгоҳи шӯришиён даҳҳо пулис кушта шуд


Мақомоти амниятии Миср аз кушта шудани беш аз 50 маъмури пулиси ин кишвар дар ҳамла болои махфигоҳи шӯришиён хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки ин ҳамла рӯзи 20-уми октябр дар саҳрои ғарбии Миср сурат гирифтааст.

Вазорати умури дохилии Миср дар як эъломия гуфт, шуморе аз террористон низ ба қатл расидаанд. Ҷузъиёти бештаре дар ин маврид дода нашудааст.

Аммо мақомоти амниятии Миср аз он нигаронӣ доранд, ки шуморе аз нирӯҳои амниятӣ низ захмӣ шуда, эҳтимол шумори талафот афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG