Пайвандҳои дастрасӣ

Як қисми ҳайати Қирғизистон барои идомаи гуфтугӯ дар Остона монданд


Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Толкунбек Абдигулов натиҷаи сафари ҳайати кишварашро ба Қазоқистон шарҳ дод, ки дар ҷараёни он 18 октябр мулоқоти сарвазирони ду кишвар -- Сафар Исҳоқов ва Боқидҷон Сагинтоев низ баргузор шуд.

Абдигулов гуфт, дар доираи сафари кории мазкур аз ҳисоби муовинони аввали сарвазирон ва раҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Қирғизистону Қазоқистон барои таҳияи "Харитаи роҳ" гуруҳи корие таъсис ёфт.

"Тайи 5 рӯзи оянда санад дар бораи иқдомҳои баъдӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи Қирғизистону Қазоқистон таҳия ва ҳамоҳанг хоҳад шуд. Умедворам, ки баъди 5 рӯз мо "Харитаи роҳ"-и ҳалли мушкили марзиро пешниҳод хоҳем кард. Як қисми ҳайати Қирғизистон барои идомаи гуфтугӯҳо дар Остона монданд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Абдигулов, "сар аз субҳи имрӯз шаҳрвандон ва мошинҳои сабукрав бо реҷаи муқаррарӣ марзро убур хоҳанд кард. Дар робита ба убури мошинҳои боркаш дар доираи гуруҳи кории ба раҳбарии муовинони аввали сарвазирони ду кишвар корҳо идома доранд".

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон аз 10 октябр назорати шадиди марзӣ роҳандозӣ шуд. Ҷониби Қазоқистон дар гузаргоҳи марзии "Кордай" постгоҳи назоратии иловагиеро ташкил ва ба санҷиши мошинҳои боркаш сарбозони мусаллаҳро ҷалб кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG