Таҳқиқи парвандаи дуздии эҳтимолӣ дар Бунёди ягонаи нафақаи Қазоқистон ба охир расид. Ибтидои соли ҷорӣ раиси бунёд Руслан Ерденаев, муовини вай Дабир Медетбеков ва ду корманди ширкатҳои хусусӣ боздошт шуда буданд.
Додситонии шаҳри Алмато хабар медиҳад, ки 18 октябр парвандаи мазкур ба додгоҳи махсуси байниноҳиявии Алмато фиристода шудааст.
Ба иттилои тафтишот, шахсони масъули Бунёди нафақа аз роҳбарони ширкати хусусии "Бузгул Аурум" барои бастани шартноми хариди саҳмияҳои ширкати хусусӣ дар ҳаҷми зиёд пора гирифтаанд. Дар натиҷаи ин доду гирифт, ба давлат дар ҳаҷми панҷ миллион танга зарар расидааст. Дар гузашта ба Бунёди нафақа машварат дода буданд, ки аз хариди саҳмияҳои ширкати хусусии "Бузгул Аурум" худдорӣ варзад.
Тафтиши сармояҳои бунёд 21 декабри соли 2016 шуруъ шуд.