Додгоҳе дар Покистон нисбати нахуствазири собиқи ин кишвар Навоз Шариф, духтари ӯ ва домодаш барои пинҳон кардани дороиҳояшон дар хориҷа айб эълон кард. Додгоҳе дар Исломобод рӯзи 19 октябр гуфт, ки Навоз Шариф, духтараш Марям ва домодаш Муҳаммад Сафдар қонунҳои Покистонро нақз кардаанд. Худи Навоз Шариф, ки бо сабабаи бемории ҳамсараш дар Лондон ба сар мебарад, тавассути вакили дифояш гуфт, ки бегуноҳ аст.
Хонаводаи Шариф гуфт, ки муҳокимаи додгоҳии зидди хонаводаи онҳо тавтеаи сохторҳои амниятӣ мебошад. Иттиҳомоти зидди Шариф баъди он садо дод, ки дар паи ба матбуот роҳ ёфтани санадҳои бо номи рамзии “Авроқи Панама” маълум шуд, ки Шариф ва аъзои оилааш дорои ширкатҳои оффшорӣ буда аз ин ширкатҳо дар харидории манзил дар Лондон истифода кардаанд. Навоз Шарифи 67-сола моҳи июл дар паи ҳукми додгоҳи олӣ аз мақоми нахуствазирӣ канор рафт.