Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев бо баҳонаи эътирозҳо маркази шаҳр баста шуд


Сар аз шаби душанбе ба сешанбе тамоми маркази шаҳри Киеви Украина баста, ҳаракати мошинҳо маҳдуд ва минтақаи маъруф ба "ҳукуматӣ" ба муҳосира гирифта шудааст. Пулис ба эътирози густардае, ки имрӯз бояд шуруъ шавад чунин омодагӣ дидааст.

Раҳбари пешини вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ ва ҳизби "Ҳаракати нерӯҳои нав"-и вай тасмим доранд, бо нишони ҳимоят аз ислоҳоти сиёсӣ, маҳдуд кардани дахлнопазирии вакилон ва ташкили додгоҳи зидди фасод даст ба эътироз зананд.

Хадамоти амнияти Украина хабар дод, ки "бархе аз сохторҳои алоҳидаи чапгаро" ният доранд, ҳангоми эътирозҳои мазкур иғвоангезӣ кунанд. Мақомот дақиқан нагуфтанд, ки кадом сохторҳо қасди иғвоангезиро доранд. Каме баъдтар, мушовири вазири корҳои дохилии Украина Шкиряк хабар дод, ки ҳукумат ба ширкати шаҳрвандон дар эътирозҳои сулҳомези Киев "монеагузорӣ" намекунад.

Андрей Кришенко, сардори идораи пулиси шаҳри Киев гуфт, эҳтимол дорад, дар ин эътирозҳо то 10 ҳазор одам ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG