Афроде, ки то имрӯз, сешанбеи 17-уми октябр ба озмуни лотереяи корти сабз ё грин корти Амрико ариза супоридаанд, санадҳояшон соқит шудааст. Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо пахши ин хабар гуфтааст, соқит шудани санадҳо бо сабаби техникӣ рух дода, иштирокчиён бояд дубора ба ин озмун ҳуҷҷат супоранд.
“Дӯстон, бо сабабҳои техникӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 (ё грин карта) ба санаҳои дигар гузаронида мешавад ва маълумоте, ки то 18-уми октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Шумо бояд аз нав аризаро пур кунед!!! Муҳлати нави бақайдгирии раводиди DV-2019 аз 18-уми октябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, оғоз ёфта, то нисфирузии 22-юми ноябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, анҷом меёбад”,-омадааст дар иттилоияи Сафорати ИМА дар Душанбе.
Сафорат дар ҳоле аз соқит шудани санадҳои иштирокчиёни Грин корт хабар медиҳад, ки ин шабу рӯз садҳо сокини Тоҷикистон бахти худро дар озмуни мазкур месанҷанд. Мавсими якмоҳаи озмуни дарёфти ҳаққи муҳоҷират ба Амрико, ки ҳамчун озмуни лотореяи “грин-корт” маъруф аст, рӯзи 3-юми октябр шурӯъ шуд. ИМА соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад.
Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Қимати пур кардани санадҳо ва гирифтани акс барои як нафар аз 25 то 30 сомонӣ ва барои хонавода 50 сомонӣ арзиш дорад. Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон 2 ҳазору 760 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст.