Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ дар Киркук: зербиноҳои калидӣ таҳти назорат ҳастанд


Артиши Ироқ гуфт, ки нирӯҳои ҳукуматӣ ба самти манотиқи курдӣ ҳаракат карданд, ки дар ҷануби вилояти Киркук ҷойгир аст. Онҳо аз боздошт шудани чанд ҷангандаи курдӣ ҳам хабар доданд. Низомиён рӯзи 16 октябр гуфтанд, ки нирӯҳои рӯ ба ҳукумат назорати пулҳову, роҳҳо ва дигар зербиноҳо, аз ҷумла пойгоҳи низомии K1, муассисаҳои таъмини газ, як нирӯгоҳи барқӣ ва истгоҳи полисро дар шаҳри баҳсии Киркук зери дасти худ дароварданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳаракати нирӯҳо ба дохили қаламрав идома дорад.

Сухангӯи нирӯҳои курдӣ генерал Беҳзод Аҳмад тасдиқ кард, ки нирӯҳои ҳукуматӣ чанд манотиқи саноатиро дар ҷануби Киркук ба даст оварданд ва задухӯрд хисороти муайян дар пай доштааст. Ҳукумати Ироқ субҳ амалиёти бозпасгирии “пойгоҳҳои амн” ва “сохторҳои федеролӣ”-ро дар вилояти Киркук шурӯъ кард, ки ҳанӯз соли 2014 аз ҷониби Пешмаргаҳои курд дар ҷараёни мубориза бо ҷангиёни “Давлати исломӣ” ишғол шуда буданд.

Ин таҳаввулот се ҳафта баъди раъйпурсии истиқлолхоҳии Курдистон ҷараён мегирад. Натиҷаҳои ин референдумро мақомоти Ироқ комилан маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG