Ҷошуа Бойл, ки пас аз тақрибан панҷ соли асорат ҳамроҳи зану се фарзандаш аз дасти Толибон раҳо шуда, аз Покистон ба Канада рафт, гуфт, дар ин муддат як тифли дигараш кушта ва ҳамсараш мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.
Кейтлан Колман (амрикоӣ) ва шавҳараш Ҷошуа Бойл (канадаӣ) соли 2012 аз тарафи гурӯҳи Ҳаққонӣ, шабакаи марбут ба Толибон, ҳангоме ки дар Афғонистон буданд, рабуда шуданд.
Ҷошуа Бойл шоми 13-уми октябр, баъди расидан ба Канада, дар фурудгоҳи Торонто, гуфт, “ҳамоқат ва бадкории шабакаи Ҳаққонӣ боис шуд, то духтари навзодам кушта шавад. Яке аз муҳофизон ба ҳамсарам таҷовузи ҷинсӣ кард.”
Бойл хост, то омилони ин ҷиноят ба муҷозот кашида шаванд. Гурӯҳи Толибон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.
Нафис Зикриё, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Покистон, гуфт, ки нирӯҳои вижаи ин кишвар ин хонаводаро рӯзи 11-уми октябр дар наздикии марз бо Афғонистон раҳо карданд. Вай гуфт, амалиёти озодсозии онҳо бар асоси иттилои мақомоти истихбороти Амрико сурат гирифтааст.