Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 11 ронандаи маст дар додгоҳи Турсунзода


Додгоҳи шаҳри Турсунзода 11 ронандаеро, ки рӯзҳои 6-9-уми октябр ҳангоми мастӣ боздошт шуда буданд, бар асоси тағйири нав дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот кард.

Додгоҳ ду нафар аз ин ронандагонро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 9 тани дигарро ба 15 шабонарӯз ҳабс кард.

Парвандаи ин афрод бар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷазо барои ронандагӣ дар ҳолати мастиро шадидтар кардааст, баррасӣ шуд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "сокинон бояд эҳтиёт бошанд ва ҳангоми ронандагӣ маҳсулоти спиртӣ нанӯшанд, ки онҳоро ҷазои сахт интизор аст."

Ду моҳи пеш порлумони Тоҷикистон Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод, ки бар асоси он ронандагӣ дар ҳолати мастӣ то 15 шабонарӯз ҳабс ва 15 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Ҷазои ронандагони маст дар ҳоле шадид шуд, ки бар асоси омори расмӣ шумораи садамаҳои пурқурбонӣ дар кишвар афзоиш ёфт. Мақомот ронандагӣ бо суръати баланд ва маст нишастани ронандагон пушти чанбари мошинро омили садамаҳо дар кишвар медонанд.Тибқи иттилои расмӣ то моҳи июли соли 2017 дар роҳҳои Тоҷикистон 724 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он зиёда аз 230 нафар ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 800 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG