Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти 13 зан аз дастдарозии коргардони Ҳолливуд ба номуси онҳо


Биноба гузориши Маҷаллаи New Yorker, 13 зан аз дастдарозии коргардони ширкати филмсозии Ҳолливуд - Ҳарвӣ Вайнштейн ба номуси онҳо, шикоят карданд ва се нафар гуфтанд, ки аз ҷониби ин коргардон таҷовуз шуданд.

New Yorker рӯзи 10 октябр яке аз шокиҳоро иқтибос кард, ки мегӯяд, ӯ 20 сол хомуш буд, зеро аз қасоси Вайнштейн метарсид.

Маҷалла мегӯяд, ки пулис моҳи марти соли 2015 гуфтугӯи байни Вайнштейн ва шикоятгари дигар, ҳунарманди итолиёвиро дар долони меҳмонхонаи New York сабт кард, аммо иттиҳомеро пеш нагузошт.

Салли Ҳофмайстер, сухангӯи коргардон гуфт, ки Вайнштейн ҳамагуна иддаои равобити ҷинисии бидуни розигии тарафи муқобилро рад мекунад.

Рӯзи 8 октябр, чанд рӯз баъд аз нашри мақолаи New York Times, ки гӯё ин коргардони барандаи ҷойизаи Оскар даҳсолаҳо боз ба номуси занон дастдарозӣ кардааст, Вайнштейни 65-сола мақоми ҳамраисиро дар ширкати худаш аз даст дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG