Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Чехия пешниҳод кард, ки бар ивази Қрим ба Украина пул диҳанд


Милош Земан
Милош Земан

Президенти Чехия Милош Земан пешниҳод кард, ки ғасби Қрим аз тарафи Русия бо пул ё интиқоли газу нафт ба Украина ҷуброн карда шавад.

Земан рӯзи 10 октябр ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо таъсирбахш будани таҳримҳои зидди Русияро, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи ғасби Қрим ва низоъ дар шарқи Украина эълом кард, зери суол бурд.

Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳои зидди Куба нишон доданд, ки онҳо танҳо ба давлатҳое таъсир доранд, ки дар муҳосира қарор мегиранд. Ӯ дар мавриди Қрим бо истинод ба президенти пешини Олмон Йоахим Гаук гуфт, ки Қримро намешавад бо истифодаи нерӯ ба Украина баргардонд. Земан пешниҳод кард, ки ба Киев ҷуброн пардохт шавад.

Милош Земан гуфт, ин назари шахсии ӯст. Дар Чехия сиёсати хориҷиро ҳукумати ин кишвар муайян мекунад, ки ҷонибдори таҳримҳои зидди Русия аст.

Президенти Чехия борҳо ин таҳримҳоро интиқод кардааст. Ӯ ҳатто баъди ғасби Қрим сафареро ба шаҳри Маскав анҷом дода, моҳи ноябри соли равон низ ният дорад, ба Русия равад. Мухолифонаш Земанро сиёсатмадори русгаро меноманд.

Сафири Украина дар Чехия Евгений Перебийнис пешниҳоди Земанро "беорона" номида, гуфт, "Киев қаламраву озодии сокинони худро нахоҳад фурӯхт".

XS
SM
MD
LG