Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "манобеи муътамад"-и "Усмон Ҳақназаров" дар Узбакистон


Узбакистон- Равшан Салаев ва Шавкат Оллоёров
Узбакистон- Равшан Салаев ва Шавкат Оллоёров

Тайи 10 рӯзи ахир дар доираи парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев -"Усмон Ҳақназаров" , ки мақомоти Узбакистон ӯро дар "кӯшиши ғасби ҳукумат ва сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлат" муттаҳам мекунанд, даҳҳо нафар бозпурсӣ ва се нафар дастгир шуд.

Бино ба хабарҳо, пажӯҳишгари 27-солаи Академияи улуми Узбакистон Акрам Маликов 9 сентябр барои суҳбати рӯбарӯ бо Абдуллоев ба Хадамоти амнияти миллии ин кишвар бурда шуд.

Наздикони Маликов мегӯянд, пажӯҳишгарро маъмурони амниятӣ ҳанӯз 22 июли соли 2016 боздошт карданд. Вале он замон ба наздикони ӯ тавсия додаанд, ки сарусадои зиёд накунанд. Онҳо то ҳол намедонистанд, ки Маликов чӣ айбдор шудааст.

Ба гуфтаи яке аз донишманди наздик ба Акрам Маликов пажӯҳишгари ҷавонро баъди нашри матлабҳояш бо номи мустаори "Абдуллоҳ Нусрат" дар интернет боздошт кардаанд. Маликов дар матлабҳои худ шеваи идораи умури давлатӣ ва раҳбарияти Ӯзбекистонро танқид кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Юнусободи Ӯзбекистон 1 октябр Абдуллоевро ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифт. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки Равшанбек Салаев ва Шавкатҷон Оллоёров - шахсони наздик ба муҳофизони раҳбарони давлатӣ дар Ӯзбекистон манбаъҳои аслии Абдуллоев дар матлабҳояш буданд, ки бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" нашр мешуданд.

Салаев, ки дар додани иттилои махфӣ ба Абдуллоев айбдор мешавад, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар олами шоу-бизнеси Узбакистон ба шумор рафта, бо элитаи ҳукумрони ин кишвар низ робитаҳои наздик дошт. Дар қарори Додгоҳи Юнусобод омадааст, "Салаев медонист, ки маълумоти додаи ӯ барои ғасби ғайриқонунии ҳукумат истифода мешавад, боз бо дастури Абдуллоев хабарҳои даркориро пайгирӣ карда, ба ӯ мерасонд".

Нафари севуме, ки дар доираи парвандаи Абдуллоев боздошт шуд, молики як қатор тарабхонаҳои гаронарзиш Шавкатҷон Оллоёров аст. "Оллоёров ба муҳофизони раҳбарони давлатӣ, соҳибкорони бузург ва раҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон дастрасӣ дошт", - омадааст дар қарори додгоҳи мазкур.

XS
SM
MD
LG