Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисодро донишманди амрикоӣ Ричард Талер аз донишгоҳи Чикаго соҳиб шуд. Талер ин ҷоизаро барои саҳмаш дар омӯзиши "иқтисоди рафторӣ" дарёфт кард. Дар изҳороти кумитаи Нобел, 9 октябр гуфта шуд, Талер омилҳоеро мавриди омӯзиш қарор дод, ки ба ҳазинаҳои инсонӣ, бо шумули ҷамбаҳои оқилонаи рафтор, авлавиятҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ таъсир доранд.
Ба фарқ аз ҷоизаҳои дигари Нобел, ҷоизаи бахши иқтисодро Бонки Марказии Шведсия соли 1968 таъсис дод. Аз ин ҷоиза ҳамчунин "ёдбуди Алфред Нобел" ном мебаранд. Худи Нобел ин ҷоизаро ба васиятномааш ворид накарда буд.
Соли равон бунёди Нобел бори аввал аз соли 2001 ҳаҷми пардохтро аз ҳашт то 9 миллион крони шеведӣ (ҳудудан 1,1 миллион доллар) афзоиш дод.
Соли гузашта ҷоизаи бахши иқтисодро ду олими амрикоӣ - Оливерт Ҳарт ва Бенгт Ҳолмстрём барои саҳмашон дар омӯзиши теорияи тамосҳо дарёфт карданд.