Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ва Туркия судури раводидро қатъ карданд


Парчамҳои ИМА ва Туркия

Рӯзи якшанбе сафорати ИМА дар Анкара эълон кард, ки судури ҳама навъи виза ба шаҳрвандони Туркияро, ба истиснои раводиди муҳоҷират, қатъ мекунад. Баъди чанд соат сафорати Туркия дар Вашингтон низ баёнияи мушобеҳро пахш кард.

Қарори қатъи судури раводид посухи ИМА ба боздошти корманди консулгарии Амрико дар Истанбул аст. Дар баёнияи ИМА омадааст, "қатъи судури виза то замоне амал мекунад, ки Амрико бовар ҳосил кунад, ки Туркия чун пештара амнияти кормандони дипломатии ИМА-ро кафлат медиҳад.

Равобити Амрикову Туркия дар заминаи пуштибонии Вашингтон аз курдҳои Сурия - шарики Ҳизби Коргарии Курдистон тезутунд шуд. Анкара Ҳизби Коргарии Курдистонро созмони террористӣ медонад. Фазои дипломатӣ ҳамчунин баъди он рӯ ба харобӣ овард, ки Туркия - кишвари узви памони НАТО, аз Русия маҷмаи мушакӣ харидорӣ кард ва талошҳояш барои истирдоди рӯҳонӣ Фатҳулло Гулен самар надоданд. Анкара ин рӯҳонии мухолифро, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, ба кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам кардааст.

Корманди маҳаллии консулгарии Амрико дар Истанбул ба ҷосусӣ ва робитаи пинҳонӣ бо Гулен муттаҳам шудааст. Департаменти давлатӣ иттиҳоми ҷониби Туркияро "беасос"медонад.

Президент Доналд Трамп борҳо ваъда дод, ки равобити дуҷониба бо Туркияро, ки дар замони раҳбарии президенти пешин Барак Обама хароб шуда буд, беҳтар мекунад. Сарфи назар аз бӯҳрон, Доналд Трамп бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон равобити хубро ҳифз кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG