Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Душанбе аз хароб шудани майдончаҳои навсохт нигарон аст


Шаҳрдори Душанбе мегӯяд, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар пойтахт анҷом шудааст, вале онҳо аз хароб шудани ин майдончаҳо дар мӯҳлати кӯтоҳ, нигаронанд. Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, бо назардошти таҷрибаи талхи солҳои гузашта, феълан кӯшиш доранд, барои нигоҳбини майдончаҳои навбунёд шахсони масъулро вобаста кунанд.

Раҳматшо Камолов, директори Муассисаи нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии шаҳри Душанбе рӯзи 9-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз тасвиби қарори ҳукумат дар моҳи феврал дар пойтахт 70 майдончаҳои варзишӣ бунёд шудааст. Ба таъкиди ҷаноби Камолов, ҳоло дақиқ нашудааст, ки дар оянда нигоҳбини ин майдончаҳо ба ӯҳдаи кӣ вогузор мешавад. Ин масъули шаҳрдорӣ мегӯяд, нигоҳубини майдончаҳои нав ё ба ӯҳдаи маҳаллаҳо ва ё идораи истифодаи манзил вогузор мешавад.

“Мо дар гузашта таҷриба доштем, ки ин гуна майдончаҳо давоми як сол хароб шуданд. Масалан, соли 2010 чунин майдончаҳои варзишӣ хароб шуданд ва мо онро дубора барқарор кардем. Барои панҷара ва резини ин майдонҳо мо се сол кафолат гирифтем. Супориш шудааст, ки баъди қабули ин майдончаҳо аз тарафи комиссияи давлатӣ онҳо хуб нигоҳбин шаванд. Ҳоло кӯдакон ба таври ройгон дар он бозӣ мекунанд,”-афзуд Раҳматшо Камолов.

Бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба симмати раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончанҳои варзишӣ бунёд кунанд. Ҳатто идораву вазоратхонаҳое, ки корашон ба сохтмон ва меъморӣ ҳеҷ алоқамандӣ надорад, дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, роҳ ва ё майдончаи кӯдаконаеро бунёд карданд.

XS
SM
MD
LG