Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Убайдуллоев ва Зуҳуров ба Эмомалӣ Раҳмон


Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон дар як паём ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даргузашти бародараш Нуриддин Раҳмонро таслият гуфтаанд. Дар ин паём, ки шоми 7-уми октябр навишта шуда, нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ расид, аз Нуриддин Раҳмон “як инсони дурандешу хайрхоҳ ва заҳматкаш” ном бурда шудааст.

Раҳбарони ду палатаи порлумони Тоҷикистон гуфтаанд, ки Нуриддин Раҳмон ягон мансаби давлатӣ надошт ва танҳо роҳбари хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон”-и ноҳияи Данғара буд. “Вале дар ҳамин мақом ҳам тавонистанд, истеъдоди баланди ободкориву созандагии хешро баръало нишон диҳанд”, - гуфта шудааст дар паёми Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров.

Ин ду нафар дар паёми худ ба раиси ҷумҳур гуфтаанд, шубҳае нест, ки ҳоло тамоми мардуми кишвар дар ин ғам шарик ҳастанд.

Нуриддин Раҳмон, бародари калонии президенти Тоҷикистон, рӯзи 7-уми октябр бар асари сактаи қалб даргузашт. Маросими дафни ӯ рӯзи 8-уми октябр дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маркази ноҳияи Данғара гуфт, мақомоти интизомӣ ҳама ҷойро таҳти назорат гирифтаанд ва бисёре аз мақомдорони давлатӣ барои изҳори таслият меоянд. Хабарнигори мо гуфт, ба дархости онҳо барои ҷойгиршавӣ дар ду меҳмонхона посухи рад дода, гуфтаанд, ки “барои имшаб ҷойе надоранд”.

Нуриддин Раҳмон соли 1950 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кор кардааст. Ҳарчанд ӯ мансаби давлатӣ надошт ва солҳои ахир бознишаста буд, гуфта мешавад дар интихоби баъзе кадрҳо таъсиру нуфуз дошт.

Ду соли пеш писари 34-солааш Умедҷони Нуриддин, додситони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

XS
SM
MD
LG