Як вебсайти хабарии Эрон гузориш дод, ки бародари муовини раиси ҷумҳури ин кишвар дар робита ба масоили мухталифи молӣ боздошт шудааст.
Вебсайти Тобнок, марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, рӯзи 6-уми октябр хабар дод, ки Меҳдии Ҷаҳонгирӣ, бародари Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ дастгир шудааст.
Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, рӯзи гузашта дар Инстаграм боздошти бародарашро таъйид кард ва навишт, ки дар ин маврид маълумоти дақиқ надорад. Ӯ гуфт, намедонад, ин боздошт чигуна сурат гирифтааст.