Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон гуфт, ки “амалиёти ҷиддӣ” дар Идлиб шурӯъ шуд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, аз оғози “амалиёти ҷиддӣ”-и артиши кишвараш дар Идлиби Сурия хабар дод. Идлиб ва навоҳии атрофи он аз ҷумлаи пойгоҳҳои бузурги гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҳаст, вале дар ҳоли ҳозир умдатан гурӯҳҳои ифротӣ онҷо ҳукумат доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, Эрдуғон 7-уми октябр гуфт, ки “амалиёти ҷиддӣ аз имрӯз дар Идлиб оғоз шуда, идома хоҳад дошт. Чун мехоҳем ба бародаронамон дар Идлиб ва бародароне, ки ба ин минтақа расидаанд, кумак кунем.”

Раиси ҷумҳури Туркия шарҳ дод, ки Русия аз муттаҳидони аслии Башор Асад, қарор аст, аз роҳи ҳавоӣ ин амалиётро пуштибонӣ кунад.

Нирӯҳои низомии турк соли гузашта вориди шарқи Идлиб шуданд ва дар амалиёти “Сипари фурот” аз Артиши озоди Сурия ҳимоят карданд, ки бар зидди гуруҳҳои ифротӣ ва курдҳо меҷангид.

XS
SM
MD
LG