Натиҷаи ниҳоии референдуми ҷудоии Каталония аз Испания эълон шуд. Мақомоти Каталония рӯзи 7-уми октябр гуфтанд, ки ба тарафдорӣ аз истиқлолияти ин минтақа навад дарсади иштирокдорон раъй доданд.
Дар референдуми рӯзи 1-уми октябр, ки ҳукумати марказии Испания онро ғайриқонунӣ хондааст, тақрибан 2 миллиону 300 ҳазор нафар иштирок карданд. Аз ин теъдод 7 дарсад зидди ҷудоии Каталония аз Испания раъй дода, ду дарсади варақаҳои овоздиҳӣ холӣ баромадааст.
Дар маҷмуъ дар Каталония тақрибан 5 милилону 300 ҳазор нафари қобили раъй сабт шудааст.
Баргузории референдуми ҷудоии Каталония аз Испания баҳси доғеро миёни мақомоти ду тараф эҷод кард. Рӯзи ҷумъа ҳукумати Швейтсария гуфт, ки омодааст байни Мадриду Барселона миёнҷигарӣ кунад.
Қаблан Мадрид барои бархӯрди нирӯҳои пулис бо иштиркодорони референдуми истиқлолияти Каталония узрхоҳӣ кард, ки дар пайи он ҳудуди ҳазор нафар осеб дид.
Нирӯҳои пулис рӯзи 1-уми октябр бисёре аз қитъаҳои райъдиҳиро баста, варақаҳои овоздиҳиро муодира карданд. Дар Барселона пулис барои пароканда кардани таҷаммӯи райъдиҳандаҳо аз калтаки резинӣ истифода намуд.
Интизор меравад, рӯзи 9-уми октябр порлумони Каталония масъалаи эълони истиқлолияти ин минтақаро баррасӣ кунад. Новобаста аз онки Додгоҳи конститутсионии Испания онро ғайримумкин шумурда, ҳукумати марказии Испания референдумро ғайриқонунӣ хондааст.