Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Дар бархӯрди автобус ва қатор 15 шаҳрванди Узбакистон қурбон шуд


Акс аз макони садамаи мусофирбар ва қатор дар Русия. 6 октябри соли 2017

Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ки рӯзи 6-уми октябр дар пайи бархӯрди як мусофирбар ва қатор дар вилояти Владимири Русия 16 нафар, бо шумули як кӯдак ҳалок шуд. Автобус 57 мусофир дошт. Ду ронанда аз Қазоқистон ва 55 мусофир аз Узбакистон. Яке аз рондадаҳо дар ин ҳодиса ҷон бохт.

Волии минтақаи Владимир Светлана Орлова гуфт, ки ҷасадҳо ба шаҳр ва 37 нафари дигар ба сарпаноҳи изтирорӣ интиқол меёбанд.

"Мусофирбар дар масири ҳаракати қатор аз кор монд. Навбатдори убури роҳи оҳан ронандаи қаторро аз монеаи роҳ огоҳ кард. Ронанда қаторро манъ кард, аммо фосила то мусофирбар кӯтоҳ буд", - навиштааст сомонаи Роҳи Оҳани Русия.

Вячеслав Аракелов, сарвари маъмурияти шаҳри Покров ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки мусофирон барои берун кашидани автобус аз роҳи қатор талош карданд, аммо муваффақ нашуданд.

Қатори Санкт-Петербург - Нижний Новгород баъди бархурд бо автобус аз релс берун нашуд ва касе аз мусофирони қатор осеб надод.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 18-уми июни соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG