Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо миллиардери араб


Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Риёз бо Валид бин Талол бин Абдулазиз, раҳбари ширкати "Ал-Мамлака", мулоқот кардааст. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин мулоқот Заробиддин Қосими бо ин миллиардери араб масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифода аз захираҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Шоҳзода Валид бин Талол бин Абдулазиз аз сармоягузорони машҳури ҷаҳон аст ва 21 миллиард доллар сармоя дорад. Ӯ дар кишварҳои зиёди ҷаҳон тарҳҳои зиёди иқтисодиву тиҷоратиро сармоягузорӣ кардааст. Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, Заробиддин Қосимӣ ҳамчунин дар шаҳри Ҷидда бо раҳбари ширкати "Аш-Шариф" Сауд бин Абдулазиз Ал-Файсал масоили ҳамкорӣ барои сармоягузор дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, ки ин сармоядори саудӣ ба бахши энержии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.

Видеоҳои охирин

Шавқу рағбати наврасони тоҷик ба бейсбол
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG