Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Туркия як зани қирғизро латту кӯб кард


Бинои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабари латту кӯби як шаҳрванди кишвараш аз тарафи ду корманди пулис дар Туркияро шарҳ дод. Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, кормандони пулиси Туркия то анҷоми тафтишот аз мақомҳояшон худ барканор шудаанд.

Маъмурони амниятии Алания 5 октябр дар суҳбат бо консули Қирғизистон хабари латту кӯб шудани шаҳрванди ин кишварро тасдиқ кардаанд. Ба ҷабрдида Р. А. дар ҳоли ҳозир кумаки тиббиву равонӣ расонида шуд ва бозгашти ӯ ба ватан баъди анҷоми тафтишот баррасӣ хоҳад шуд.

Ахиран дар ноҳияи Аланияи Туркия ду корманди пулис як зани 44-солаи қирғизро латту кӯб карданд. Ба гуфтаи рӯзноманигори турк Бюлент Татоглу, ин ҳодисаро сокинони маҳаллӣ ба навор бардоштанд.

Сардори пулиси Алания Ҳошим Чакмакчи дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки "эҳтимол дорад, ин зан аз бемори равонӣ ранҷ мебарад".

Видеоҳои охирин

Шавқу рағбати наврасони тоҷик ба бейсбол
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG