Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марилу Дэнли: “Ҳатто тасаввур намекардам, ки Пэддок ба куштор омодагӣ мегирад”


Марилу Дэнли, хонуми ҳамхобаи Стивен Пэддок, қотили даҳҳо тамошогари ҷашнвораи мусиқӣ дар Лас Вегаси Амрико, изҳор намуд, ки аз Пэддок аъмоли хушунатборро интизор надошт. “Ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки Пэддок барои куштори одамон омодагӣ мегирад”, гуфт хонум Дэнли баъди бозгашт ба Амрико.

Марилу Дэнли, ки рӯзи ҳодиса дар зодгоҳаш Филиппин буд, рӯзи сешанбе ба ИМА баргашт ва мавриди пурсуҷӯи муфаттишони Бюрои федеролии тафтишот ва полиси Лас Вегас қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки Дэнли муддати тулонӣ ҳамроҳи Стивен мезист. Марилу баъди он мавриди шубҳа қарор гирифт, ки Пэддок ба ӯ ба Филиппин 100 ҳазор доллар фиристод.

Ҳангоми пурсуҷӯ Марилу Дэнли гуфт, ки ду ҳафта пеш Стивен Пэддок барояш билети арзони ҳавопаймо харид, то ӯ чанд муддат ҳамроҳи хонаводааш дар Филиппин бимонад. Баъдан Пэддок барояш 100 ҳазор доллар фиристод, то ки барои хонаводааш хона бихарад. «Ягон ҳарф ё амали Стивен Пэддок аз он шаҳодат намедод, ки чунин ҳодисаи ваҳшатбор руй медиҳад», гуфта шудааст дар изҳороти хонум Дэнли, ки ахиран аз сӯи вакили дифояш пахш шуд.

Се рӯз баъд аз куштори оммавии тамошобинони ҷашнвораи мусиқӣ дар Лас Вегас мақомоти тафтишотӣ сабабу ангезаҳои онро ошкор накардаанд. Муовини раиси Бюрои федеролии тафтишот ФБР Эндрю Маккейб дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNBC изҳор намуд, ки ин парванда аз парвандаҳои пешин фарқ дорад, зеро ангезаҳои даст ба куштор задани Стивен Пэллок маълум нест.

Тирандозӣ ҳангоми ҷашнвораи мусиқии "Route 91 Harvest" шоми 1-уми октябр сурат гирифт. Ҳамлагар - сокини 64-солаи Лас Вегас Стивен Паддок аз ошёнаи 32-уми меҳмонхонаи Mandalay Bay ба сӯи ширкатдорони ҷашнвораи мусиқӣ аз силоҳи автоматӣ тир кушод.

Мақомот мегӯянд, тирпарронии ин мард чанд дақиқа идома кард ва ӯ қабл аз ҳамлаи пулис худкушӣ кард. Дар ин тирандозӣ дастикам 58 нафар кушта ва беш аз 500 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Пулис аз ҳуҷраи Стивен Паддок дар меҳмонсаро 10 мил силоҳ пайдо кард.

XS
SM
MD
LG