Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди "Рӯзи миллат" эълон шудани зодрӯзи Э.Раҳмон


Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо чопи матлабе аз порлумон хостааст, ки 5-уми октябр, рӯзи таваллуди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро “Рӯзи миллат” таъин кунад. Дар ин матлаби “Ҷумҳурият” гуфта шудааст, ки рӯзи таваллуди раиси ҷумҳур “рӯйдоди таърихӣ, муҳим ва шодибахш ба шумор меояд”. Имсол раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба синни 65 расид.

Рӯзи панҷуми октябр дар Тоҷикистон ҳамзамон рӯзи забони тоҷикӣ аст.

Муаллифи матлаб барои тақвияти андешааш се далел овардааст, ки дар маҷмуъ, хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдорӣ ва миллатсозиро намунаи нодир тавсиф мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки аз соли 1992 раҳбарии кишварро бар дӯш дорад, соли 2016 бо қабули қонуни хос “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” эълон шуд. Ин қонун ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, ки бе маҳдуд шахси аввали Тоҷикистон бошад.

Идеяи “Пешвои миллат” эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2010 аз ҷониби “сокинони оддӣ” пешниҳод шуда буд ва дар охир он қонунӣ шуд. Маъмулан, аксари пешниҳодҳои муҳим, дар робита ба унвону ҷоиза додани президенти кишвар аз ҷониби сокинони оддӣ садо медиҳанд ва аксаран дар амал татбиқ мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 65 сол дорад, 19-уми ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Дар он рӯзҳо дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои Фронти халқӣ ва нерӯҳои содиқ ба ҳукумати муросои миллӣ ҳанӯз идома дошт ва ба ин далел иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар Қасри Арбоб дар канори шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд.

Тарафдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, субот, сохтмони чанд нақбу рушди иқтисодро аз комёбиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар 25 соли раҳбариаш медонанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 25 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст, ки мардумро бо ҷои кору барқу гармӣ таъмин кунад. Мояи дигари норизоият – тамаркузи бештари қудрат, таҳкими мавқеи аъзои хонавода дар ҳукумат ва аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани мухолифон шудааст, ки ба қавли мунаққидон, плюрализми сиёсиро аз байн мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG