Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори бомба дар Туркия чаҳор сарбозро кушта ба ҷой гузошт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз таркиши бомба дар Туркия чаҳор сарбоз ҷон бохт ва чаҳор нафари дигар захм бардошт. Бомбаи канори роҳ дар ҳоле мунфаҷир шуд, ки ин сарбозон рӯзи 4-уми октябр бо мошини низомӣ ба қисмати ҷанубу шарқи кишвар, наздик ба марзи Туркия бо Эрон ҳаракат мекарданд.

Мақомоти ноҳияи Юуксековои вилояти Ҳаккарӣ бо пахши як изҳорот гуфтанд, ки таркиш кори дасти Ҳизби Коргарии Курдистон (ҲКК) аст.

Чаҳор нафари маҷруҳ ба бемористони наздиктарин интиқол ёфтанд.

Аз замони оғози фаъолиятҳои ҷудоиталабонаи шӯришгарони курд, соли 1984, беш аз 40 ҳазор нафар дар Туркия кушта шуд. Ҳизби Коргарии Курдистон дар Туркия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Шикасти музокироти байни ҳукумат ва ҲКК, дар моҳи июли соли 2015, созишномаи оташбасро ба нестӣ бурд. Аз он замон ҳазорҳо нафар, махсусан дар манотиқи курднишини ҷанубу шарқи кишвар, дар пайи даргириҳои тоза кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG