Пайвандҳои дастрасӣ

Пучдемон: Истиқлоли Каталонияро рӯзҳои наздик эълон мекунем


Карлес Пучдемон

Раҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон дар нахустин мусоҳибаи телевизионӣ бо шабакаи Би-би-сӣ баъд аз ҳамапурсии рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки истиқлоли ин минтақа якҷониба рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.

Дар посух ба суоли хабарнигор, ки "агар Мадрид идораи Каталонияро таҳти назорат бигираду худи шуморо ҳабс кунад, чӣ хоҳад шуд?" Карлес Пучдемон гуфт, "ин иштибоҳе хоҳад буд, ки ҳама чизро тағйир хоҳад дод".

Ӯ, инчунин, изҳор намуд, ки айни ҳол миёни ҳукумати Испания ва ҳукумати Каталония робитае мавҷуд нест.

Аз ин пеш, шоҳи Испания Фелипе VI мақомоти Каталонияро дар халалдор кардани принсипҳои демократӣ ва тафриқа дар ҷомеа айбдор кард. Дар як паёми телевизионӣ ӯ ба якпорчагии Испания таъкид кард ва изҳор намуд, ки созмондиҳандагони ҳамапурсӣ барои эътидол дар кишвар халал эҷод карданд. Ҳамзамон Фелипе VI гуфт, ки нигаронии мардуми Каталония аз хушунати пулиси Испания дар баробари раъйдиҳандагонро дарк мекунад.

Рӯзи 3-юми октябр нахуствазири Испания Мариано Рахой изҳор намуд, ки ҳамапурсӣ дар Каталония хилофи Қонуни асосии кишвар аст. Комиссиюни Аврупо низ ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хонд ва аммо хушунат алайҳи мардум аз сӯи кормандони полиси Испанияро маҳкум накард.

Ба иттилои ҳукумати маҳалии Каталония, дар ҳамапурсӣ барои истиқлол, ки рӯзи 1 октябр баргузор шуд, беш аз 40 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд ва 90 дарсади онҳо хостори ҷудоӣ аз Испания шудаанд.

Мақомҳои маҳаллии Каталония мегӯяд, ки беш аз ҳазор нафар дар пайи даргирӣ ва хушунатҳои рӯзи якшанбе ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилии Испания аз захмӣ шудани 33 нафар аз кормандони полис хабар дод.

Рӯзи 3-юми октябр дар Каталония без аз 700 ҳазор нафар ба нишони эътироз алайҳи хушунат аз сӯи полиси Испания дар рӯзи ҳамапурсӣ коршиканӣ карданд. Дар минтақа нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунад. Эътирозгарон аз Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд, ки дар ҳалли бӯҳрон миёнҷигарӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG