Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон ҳукми эъдоми се ҷангии муттаҳам дар терроризм иҷро шуд


Дар Покистон ҳукми эъдоми се ҷангӣ, ки дар ҳамлаҳои террористии солҳои ахир муттаҳам мешуданд, иҷро шуд. Ба иттилои вазорати дифои Покистон, эъдом рӯзи 4 октябр дар маҳбасе дар шимолу ғарби кишвар сурат гирифт.

Як рӯз пеш аз иҷрои ҳукми қатл гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари Покистон аз теъдоди зиёди эъдом дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, аз соли 2014 ба ин сӯ дар Покистон 477 нафар бо ҳукми додгоҳ ба қатл расонида шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар арафаи рӯзи ҷаҳонии алайҳи ҳукми қатл, ки рӯзи 10 октябр қайд мешавад, ҳафтаи ошносозии ҷомеъа бо масоили марбут ба ҳукми эъдомро роҳандозӣ кардаанд.

Ҳукумати Покистон соли 2008 бар асари фишори созмонҳои ҳуқуқи башар барои иҷрои ҳукми эъдом мораторий эълон кард, вале баъд аз ҳамлаи толибон ба як мактаби шаҳри Пешовар, ки дар он 150 нафар, асосан, кӯдакон кушта шуданд, дар бораи эҳёи иҷрои ҳукми қатл тасмим гирифт.

XS
SM
MD
LG