Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири парвози "Тоҷик Эйр" бинобар аз кор мондани яке аз қисмҳои ҳавопаймо


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр". Акс аз бойгонӣ.
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр". Акс аз бойгонӣ.

Як гурӯҳ аз мусофироне, ки бояд шоми 3-юми октябр тавассути ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз Душанбе ба Маскав парвоз мекарданд, бо гузашти 16 соат дар фурудгоҳи Душанбе интизори парвоз мебошанд. Мақомоти ширкати “Тоҷик Эйр” гуфтанд, ки таъхир бо сабаби аз кор мондани яке аз қисмҳои ҳавопаймо ба амал омадааст.

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр”, рӯзи 4-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло ҳавопайморо таъмир мекунанд ва дар соати наздиктарин парвоз бояд анҷом шавад."

Хайруллоев дар шарҳи сабабҳои таъхир дар ин парвоз гуфт, "шланги гидросистемаи “Боинг 765 300” аз кор баромад ва ширкат барои гирифтани шланги нав фармоиш додааст. Ҳоло он иваз карда мешавад. Дар муддати 2 соати дигар агар ҳавопаймо дуруст нашавад, пас, мусофиронро ба Маскав ҳавопаймои дигар мебарад”.

Сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр” мегӯяд, аз рӯи қоида дар сурати аз 3 соат таъхир дар парвоз, онҳо вазифадоранд, мусофиронро бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин кунанд.

Ҳавопаймои “Боинг 765 300”, ки вайрон шудани он даҳҳо мусофирро мунтазир кардааст, ба гуфтаи масъулини ширкати “Тоҷик Эйр”, калонтарин "Боинг" дар Тоҷикистон мебошад. Ширкат онро моҳи ноябри соли гузашта харида буд ва он як сол ҳам барои ин ширкат парвозҳо анҷом надодааст. Ин ҳавопаймо қаблан ба шаҳрҳои Пекин, Санкт-Петербург ва Маскав парвоз анҷом медод.

Ин бори нахуст нест, ки ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон дар парвозҳои худ таъхир карда ва мусофиронро ба мушкил рӯбарӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG